Рущди боғу токпаварӣ дар Панҷакент
Паеҷакент. 25.03.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердӣ) Боғу токпарварони ноҳияи Паҷакент баҳри амалӣ гардонидани «Барномаи рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2005-2015» камари ҳиммат баста, имрўзҳо садоқатмандона меҳнат мекунанд. Саркишоварзи раёсати кишоварзии ноҳия Фахриддин Тилябов ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки феълан дар шаҳри Панҷакент 1700 хоҷагии боғу токпарварӣ маҷуд буда, дар ихтиёри худ 501 гектар боғ ва 1169 гектар токзор доранд. Кормандони соҳа азм доранд, ки имсол 5146 тонна мева ва 5100 тонна ангур ба даст оранд. Бо ин мақсад дар хоҷагиҳо сари вақт тадбирҳои агротехникӣ гузаронида мешаванд. Ин рӯзҳо таҳти роҳбарии муттахассисон дарахтон аз шоху навдаҳои зиёдатию беҳосил тоза карда, нарм кардани бехи дарахтон ва шудгори байни қаторҳо бо вусъат идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






