С.Аслов эътимодномаи шаш сафири хориҷиро қабул кард

Март 6, 2014 09:07

Душанбе, 06.03.2014. (АМИТ «Ховар»).-  5 марти соли 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов нусхаҳои эътимодномаҳои Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ишанқулӣ Аманлиев ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Константин Жгентиро қабул намуд.
 Баъд аз супоридани нусхаи эътимодномаҳо мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо сафирони Туркманистон ва Гурҷистон баргузор гашт, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорату иқтисод ва гуманитарӣ муҳокима шуданд. Ҳамчунин табодули афкор оид ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.
Инчунин 5  марти соли 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Куба Карлос Энрик Валдеса, Ҷумҳурии Кипр Георгос Касулидис, Ҷумҳурии Словакия Павол Иван ва Ҷумҳурии Сербия Терзич Словенкоро ҷиҳати супоридани нусхаҳои эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.
 Зимни суҳбатҳо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафиронро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбӣ комёбиҳо таманно кард.
 Ҷонибҳо оид ба доираи васеи ҳамкориҳо дар сатҳи дуҷониба ва чаҳорчӯбаи ташкилотҳои байналмилалӣ табодули назар карданд. Кӯшиши ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд низ инкишоф додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шарикӣ дар соҳаҳои мухталиф зикр  шуд
 
 
 

Март 6, 2014 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад