С.Аслов эътимодномаи шаш сафири хориҷиро қабул кард
Душанбе, 06.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- 5 марти соли 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов нусхаҳои эътимодномаҳои Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ишанқулӣ Аманлиев ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Константин Жгентиро қабул намуд.
Баъд аз супоридани нусхаи эътимодномаҳо мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо сафирони Туркманистон ва Гурҷистон баргузор гашт, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорату иқтисод ва гуманитарӣ муҳокима шуданд. Ҳамчунин табодули афкор оид ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.
Инчунин 5 марти соли 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Куба Карлос Энрик Валдеса, Ҷумҳурии Кипр Георгос Касулидис, Ҷумҳурии Словакия Павол Иван ва Ҷумҳурии Сербия Терзич Словенкоро ҷиҳати супоридани нусхаҳои эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбатҳо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафиронро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбӣ комёбиҳо таманно кард.
Ҷонибҳо оид ба доираи васеи ҳамкориҳо дар сатҳи дуҷониба ва чаҳорчӯбаи ташкилотҳои байналмилалӣ табодули назар карданд. Кӯшиши ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд низ инкишоф додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шарикӣ дар соҳаҳои мухталиф зикр шуд








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






