Саҳми Кумитаи дин дар баргузории тӯйи 74 нафар
Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ “Ховар”).- 26-уми март бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯйи хонадоршавии ду ҷуфти арӯсу домод ва хатнатӯйи 70 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.
Мувофиқи хабари сомонаи расмии кумитаи мазкур нахуст, раиси кумита Абдураҳим Холиқов соҳибҷашнонро ба муносибати ин санаи фаромушнопазири ҳаёташон таҳният гуфта, иқдоми баргузории тӯйи дастаҷамъонаи эшонро идомаи мантиқии дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти кишвар ба нисбат ба қишрҳои гуногуни ҷомеа хондааст.
Ба иловаи манбаъ, аз ҷониби масъулин ба домоду арӯс ва кӯдакони соҳибҷашн туҳфаҳои Кумита супорида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҷиҳати баргузории тӯйи хонадоршавӣ ва хатнасури ашхоси ниёзманд саҳм мегузорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






