Садама дар шоҳроҳи Қурғонтеппа

Март 4, 2014 14:51

Душанбе, 04. 03. 2014 (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-  Дар садамаи нақлиётие, ки дирӯз рух дод, як нафар ҳалок ва ду нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2106» Шодимурод Гулов, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Қурғонтеппа ба самти шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи Forland,  таҳти идораи ронанда Маҳмад Шамсуддинов, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Қумсангир бархӯрд.
     Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ мусофири мошини тамғаи ВАЗ-2106 Гулизор Саидҳусейнова, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Хуросон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ронандаи мошини мазкур Ш.Гулов ва мусофири дигари мошин ноболиғ Меҳрубон  Саидҳусейнов, соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Хуросон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Март 4, 2014 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст