Садама дар шоҳроҳи Қурғонтеппа
Душанбе, 04. 03. 2014 (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар садамаи нақлиётие, ки дирӯз рух дод, як нафар ҳалок ва ду нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2106» Шодимурод Гулов, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Қурғонтеппа ба самти шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи Forland, таҳти идораи ронанда Маҳмад Шамсуддинов, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Қумсангир бархӯрд.
Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ мусофири мошини тамғаи ВАЗ-2106 Гулизор Саидҳусейнова, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Хуросон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ронандаи мошини мазкур Ш.Гулов ва мусофири дигари мошин ноболиғ Меҳрубон Саидҳусейнов, соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Хуросон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






