Садои “Ховар” дар маркази Хатлон

Март 5, 2014 15:16

 
Душанбе, 5 март. (АМИТ “Ховар”, Афшини Муқим).- Чандест, ки Радиои “FM Ховар”  дар мавҷи 100,5 FM дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қурғонтеппа ва атрофи он садо медиҳад. Акнун сокинони вилояти Хатлон имкон доранд, то аз шунидани барномаҳои иттилоотиву фароғатии ин радиои тозатаъсис бархурдор бошанд. 
Бояд гуфт, ки Корхонаи  воҳиди  давлатии  радиои  «FM Ховар» 2   июни  соли  2011  дар  асоси  пешниҳоди  Агентии  миллии  иттилоотии  Тоҷикистон  «Ховар»,  бо ворид  намудани  тағйиру  иловаҳо  ба  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  Агентии  миллии  иттилоотии  Тоҷикистон  «Ховар»  таъсис  ёфтааст.  
То кунун радиуси  пахши  радио  фарогири  шаҳри  Душанбе  ва  навоҳии  атрофи  он  буд ва ҳоло “Ховар” дар вилояти Хатлон низ садо медиҳад. АМИТ “Ховар”  дар нақша дорад, то барои  пахши ҷумҳуриявии радио имкон фароҳам созад.  «FM Ховар» — радиои  иттилоотӣ — мусиқӣ  буда,  дар  он  ахбор  мавқеи  хосса  дорад  ва  аз  соати  7:00  то  22:00 ҳар  ним  соат  ахбори  оҷиливу муътамад бо  чор  забон — тоҷикӣ,  русӣ,  англисӣ  ва арабӣ пахш  мешавад. 
Дар  ин  радио  беш аз  20  нафар  журналистон  ба  кор  ҷалб  шуда  ва  сармуҳарририи  радиоро  Дилшода Ҷонмардова    ба  уҳда  дорад.  Ҳарчанд  аз  таъсиси  радио  муддати  зиёде  сипарӣ  нагардида  бошад  ҳам,  аллакай  онро  аз  рӯи  барномаҳои  ҷолибе,  чун  «Тафсир»,  «Накҳати  роз»,  «Суруди  ҳафта», «Бозору  харидор»,  «Меҳмони  Ховар»  шинохтаву  эътироф  мекунанд.  
Ин буд, ки 3-юми майи соли 2012 зимни конфронсе бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии озодии баён аз ҷониби дабири кулли Ассотсиатсияи Медиа- алянси Тоҷикистон Хуршеди Атовулло ҷоизаи «Падидаи сол» дар бахши радио ба радиои «Ховар» супорида шуд. 
Радиои  «FM Ховар»  дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он рӯи  мавҷи  101,5 FM  садо  медиҳад  ва  бояд  гуфт,  ин  радиоро  дар  тамоми  рӯи  олам аз тариқи  шабакаи  умумиҷаҳонии  интернет  шунидан  мумкин  аст,  ки  ин  иқдом  дар  таърихи  радиои  кишвар  аввалин маротиба  аз ҷониби «FM Ховар» ба  роҳ  монда  шудааст.  Радиои  «FM Ховар»-ро  дар  сомонаи  www.khovar.tj  бо  пахши  як  тугмача  истимоъ  намудан  имконпазир  аст.     
Имрӯзҳо шиори радиои «Ховар» вирди забони ҳамагон аст: «Садое, ки бояд шунид!!!»
 
 
 

Март 5, 2014 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд