Сафари расмии С. Аслов ба Русия
Душанбе, 07.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- 6 марти соли 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо сафари расмӣ озими Москва шуд. Дар доираи сафари мазкур чанд мулоқот бо шахсони расмии Русия пешбинӣ шудааст. Зимни вохӯриҳо вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин масоили таъмини амният дар минтақа мавриди муҳокима қарор мегирад. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар интиҳои сафари расмӣ Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои соли 2014 аз ҷониби вазирони ду кишвар ба имзо мерасад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






