Санҷиши тайёрии ҷузъу томҳо дар Хатлон

Март 11, 2014 10:07

Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва нақшаи чорабиниҳои Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳафтаи гузашта дар машқгоҳҳои ҳарбии гарнизони Хатлон, аз ҷумла дар Сумбула, Мумирак ва Саргазон машғулиятҳои амалии саҳроӣ доир шуданд.
Ҷараёни баргузории чорабинӣ дар машқгоҳи Саргазони ноҳияи Данғара бо иштироки сокинони дар эҳтиёт қарордоштаи ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик ва шаҳри Норак дар сатҳи лозимӣ ва хуб ба роҳ монда шуда, иштироккунандагон дар машғулиятҳои тирпарронӣ, ки як самти фаъолияти ҷамъомад маҳсуб меёфт, аз худ маҳорату малакаи хуб нишон доданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа хабар доданд, ба роҳ мондани машғулиятҳои амалии саҳроӣ ва ҷамъомадҳои сафарбарӣ дар шароити кӯҳии Тоҷикистон мусоид аст. Мақсади чорабинӣ аз  омӯзиши ҳамаҷонибаи мавзӯоти сафарбарӣ дар ҳолати хатарҳои эҳтимолӣ ва ба ин васила, боз ҳам такмил додани донишҳои низомиву сиёсии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, ҳамкории қувваву воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ якҷоя бо мақомоти қудратию низомии минтақа иборат буд.
 
 
 

Март 11, 2014 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад