Санҷиши тайёрии ҷузъу томҳо дар Хатлон
Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва нақшаи чорабиниҳои Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳафтаи гузашта дар машқгоҳҳои ҳарбии гарнизони Хатлон, аз ҷумла дар Сумбула, Мумирак ва Саргазон машғулиятҳои амалии саҳроӣ доир шуданд.
Ҷараёни баргузории чорабинӣ дар машқгоҳи Саргазони ноҳияи Данғара бо иштироки сокинони дар эҳтиёт қарордоштаи ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик ва шаҳри Норак дар сатҳи лозимӣ ва хуб ба роҳ монда шуда, иштироккунандагон дар машғулиятҳои тирпарронӣ, ки як самти фаъолияти ҷамъомад маҳсуб меёфт, аз худ маҳорату малакаи хуб нишон доданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа хабар доданд, ба роҳ мондани машғулиятҳои амалии саҳроӣ ва ҷамъомадҳои сафарбарӣ дар шароити кӯҳии Тоҷикистон мусоид аст. Мақсади чорабинӣ аз омӯзиши ҳамаҷонибаи мавзӯоти сафарбарӣ дар ҳолати хатарҳои эҳтимолӣ ва ба ин васила, боз ҳам такмил додани донишҳои низомиву сиёсии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, ҳамкории қувваву воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ якҷоя бо мақомоти қудратию низомии минтақа иборат буд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






