Сангпораҳои кӯҳӣ -боиси марги 7 нафар
Душанбе, 18.03.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз, соати 7:00, ронандаи мошини тамғаи «Musso», Мирзобурҳон Бурҳонов, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар километри 158-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, дар ҳудуди мавзеи Сиёмаи ноҳияи Айнӣ, аз сабаби ба мошинаш бархӯрдани сангпораҳои кӯҳӣ аз қисмати рости роҳ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 120 метр чаппа шудааст.
Тибқи иттилои милитсия, дар натиҷа ронанда ва мусофири мошини мазкур Миршариф Шодиев, соли таваллудаш 1975, омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №1-и ноҳияи Айнӣ ва Садбарг Шоева, Манзил Давронов, Дилфуза Бурҳонова, Офтоб Акбаров, Моҳинисо Нарзиева, соли таваллудашон 1996, хонандагони синфи 11-уми ҳамин мактаб, сокинони ноҳияи Айнӣ, ки барои супоридани ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи Маркази миллии тестӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мерафтанд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин хонандагон Тамиза Сангинова, Бибӣ Суробова, Аҳлия Мирзошоева ва Идона Бобоева, соли таваллудашон 1996, сокинони ноҳияи номбурда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






