Сатҳи нави муносибатҳои Тоҷикистону Фаластин
Душанбе, 06.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 5 март раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар шаҳри Душанбе бо Сафири Фаластин дар Тоҷикистон Муҳаммад Таршанхонӣ сӯҳбат намуд.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни сӯҳбат вазъи ҳамкории мутақобилан муфиди палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Фаластинро мавриди муҳокима қарор доданд.
Раиси ПСС ҶТ ба дипломат хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ, дастгирии сохторҳои бозаргонӣ, ҳамчунин рушду густариши системаҳои тиҷоратӣ ва молиявию бонкӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. «Имрӯз Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ фаъолона ворид шуда, ин раванд сол аз сол вусъат меёбад,- гуфт Шариф Саид.
Муҳаммад Таршанхонӣ дар навбати худ иброз дошт, ки Фаластин ҷонибдори рушду тақвияти муносибатҳо бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






