Сатҳи таварруми думоҳа 1,3 фоиз

Март 17, 2014 09:50

Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар ибтидои аввали соли равон сатҳи таваррум раванди устувории худро идома дод. Тибқи маълумоти мавҷудаи расмӣ дар моҳҳои январ-феврали соли равон сатҳи таваррум 1,3 фоизро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Тағйироти мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасониҳои пулакӣ ба миён омад.   Тавре ки аз хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, нишондиҳандаи номбурда дар моҳи феврал 0,9 фоиз ва дар давоми 12 моҳи охир ба 3,9 фоиз баробар шуд.

Март 17, 2014 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш