Симпозиуми занони соҳибкор
Душанбе, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -27-28 марти соли 2014 дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бизнес-симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон доир мегардад.
Дар кори симпозиум муовини сарвазири кишвар М. Ҷабборӣ, директори генералии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ва намояндагони парлумонҳои панҷ давлат-Чумҳуриҳои Тоҷикистон, Казоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чумҳурии Исломии Афғонистон иштирок ва суханронӣ менамоянд.
Бизнес-симпозиум аз шаш қисм иборат буда, иштирокдорони он бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар мавзӯъҳои «Манфиат ва натиҷаи грантҳои президентӣ барои дастгирии занону духтарони соҳибкор», «Таҷрибаи байналхалқӣ оид ба дастгирии занони соҳибкор», «Ташкили махзани маълумот аз рӯи тақсимоти гендерӣ», «Бонкдории мобилӣ: имкониятҳо барои занони соҳибкор» «Беҳтарин занони соҳибкори Тоҷикистон» ва дигар мавзӯъҳои марбут ба занони соҳибкор маърӯза мекунанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






