Сохтмони толори варзишӣ дар Шуғнон
Хоруғ, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-уми ноҳияи Шуғнон сохтмони толори варзишии замонавӣ идома дорад. Бинои мактаби мазкур чаҳор сол қабл бо ширкати бевоситаи Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар мулоқот бо Сарвари давлат омӯзгорону толибилмон хоҳиш намуданд, ки дар назди ин бино барояшон толори варзишӣ бунёд шавад. Бо дастури Президенти кишвар баъди як сол сохтмони толор оғоз ёфт. Дирексияи сохтмонии назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди толори навро бар дӯш гирифта, барои ин кор 2 миллион сомонӣ ҷудо кард. То ин давра бинокорон ба маблағи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расониданд. Дар айни ҳол дар сохтмони мазкур 20 нафар корманди маҳаллӣ ба кор фаро гирифта шудааст.
Сохтмончиён ният доранд ин толори замонавиро то ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






