Сохтмони толори варзишӣ дар Шуғнон

Март 19, 2014 09:29

Хоруғ, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-уми ноҳияи Шуғнон сохтмони толори варзишии замонавӣ идома дорад. Бинои мактаби мазкур  чаҳор сол қабл бо ширкати бевоситаи Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар мулоқот бо Сарвари давлат омӯзгорону толибилмон хоҳиш намуданд, ки дар назди ин бино барояшон толори варзишӣ бунёд шавад. Бо дастури Президенти кишвар баъди як сол сохтмони толор оғоз ёфт. Дирексияи сохтмонии назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон бунёди толори навро бар дӯш гирифта, барои ин кор 2 миллион сомонӣ ҷудо кард.  То ин давра бинокорон ба маблағи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расониданд.  Дар айни ҳол дар сохтмони  мазкур 20 нафар корманди маҳаллӣ ба кор фаро гирифта шудааст.
Сохтмончиён ният доранд ин толори замонавиро  то ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода диҳанд.

Март 19, 2014 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш