Соли 2014 — соли роҳҳои обод

Март 18, 2014 14:38

Душанбе, 18.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 25- уми  марти соли равон  дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора Қарори раиси вилояти Суғд ба тасвиб расидааст.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ба  баррасии иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят масъалаҳои тасдиқ намудани ваколати вакилии иддае аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, ҷараёни татбиқи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» дар вилоят, тасдиқ барномаи вилоятии «Соли 2014 — соли роҳҳои обод», номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва ғайра пешниҳод гардидааст.
 
 

Март 18, 2014 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе