Соли 2014 — соли роҳҳои обод
Душанбе, 18.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 25- уми марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора Қарори раиси вилояти Суғд ба тасвиб расидааст.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ба баррасии иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят масъалаҳои тасдиқ намудани ваколати вакилии иддае аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, ҷараёни татбиқи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» дар вилоят, тасдиқ барномаи вилоятии «Соли 2014 — соли роҳҳои обод», номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва ғайра пешниҳод гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






