Сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар таҳияи нав

Март 20, 2014 14:34

Душанбе, 20.03.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 20 марти соли 2014 сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав фаъол шуд.
Сомонаи нави вазорат дорои тарҳи замонавӣ, мундариҷаи таҷдидшуда ва бахшҳои нав буда, бо истифода аз навтарин барномаҳои сомонасозӣ коркард шуда, ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад. Сомона бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаъолият менамояд.
Дар саҳифаи аввал 4 хабари асосӣ ва 10 хабари тозаи дигар ҷой дода шудааст, инчунин бахшҳо оид ба масоили муҳим роҷеъ ба сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла банди алоҳида бо аксҳову наворҳои видеоӣ, бахши намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа дар шакли харитаи интерактивӣ ва қисмати нашрияҳои вазорат дар шакли электронӣ пешкаш  шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар сомонаи нави вазорат системаи RSS насб  шудааст, ки барои сари вақт огоҳ шудан аз  маълумоти нав мусоидат менамояд.
Ҳамзамон дар поёни саҳифаи асосӣ маҷмӯи бахшҳову зербахшҳои сомона оварда шудааст, ки он дарёфти маълумоти заруриро осон менамояд.
 
 
 

Март 20, 2014 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад