Тағйирот ба фаъолияти ҳунармандӣ

Март 27, 2014 14:09

 Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Имрӯз дар  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Чумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйири қонунгузорӣ дар бахши ҳунармандӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Мақсади мизи мудаввар муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ҳунармандӣ» буд.
Дар ҷамъомад сардори намояндагӣ, сафири Иттиҳоди Аврупо Эдуард Ауэр, намояндагони мақомоти дахлдори кишвар, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, инчунин хабарнигорони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳоеро танзим менамояд, ки дар ҷараёни амалисозии фаъолияти ҳунармандии касбӣ бо мақсадҳои ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, барқарорнамоӣ ва рушди шабакаҳои маҳалҳои аҳолинишин, зиёдшавии шуғли аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони маҳсулоти ҳунармандӣ пайдо мешаванд. 
Мақсади лоиҳаи қонун муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии ташкили фаъолияти ҳунармандӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон , эҳё, ҳифз ва рушди мероси фарҳангии нодир, қадимӣ, пайвандҳо ва анъанаҳои таърихии санъати ҳунармандии устоҳои ҷумҳуриро ҳамчун қисми фарҳанги тамаддун ва маҳаки муҳими мероси миллӣ, қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба молҳо, корҳо, хизматрасониҳои таъйиноти истеъмолӣ дошта, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди ҳунармандӣ, ҳамчун низоми мустақили истеҳсолот, рушди шабакаҳои истеҳсолотӣ дар сатҳи маҳалҳо, зиёдшавии шуғли аҳолӣ, омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, инчунин маҳсулоти онҳо мебошад. 
Ширкаткунандагони ҷамъомад ба хулосае омаданд, ки дар шароити кунунӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур зарурӣ ва саривақтӣ мебошад. Бояд қонуни нав қонуни пештараро такмил диҳад. 
Дар охир иштирокдорон доир ба масъалаҳои баррасишуда табодули назар намуда, ҷиҳати такмили онҳо пешниҳодҳои судманд ироа намуданд. 
 

Март 27, 2014 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе