Тағйирот ба фаъолияти ҳунармандӣ
Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Чумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйири қонунгузорӣ дар бахши ҳунармандӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Мақсади мизи мудаввар муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ҳунармандӣ» буд.
Дар ҷамъомад сардори намояндагӣ, сафири Иттиҳоди Аврупо Эдуард Ауэр, намояндагони мақомоти дахлдори кишвар, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, инчунин хабарнигорони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳоеро танзим менамояд, ки дар ҷараёни амалисозии фаъолияти ҳунармандии касбӣ бо мақсадҳои ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, барқарорнамоӣ ва рушди шабакаҳои маҳалҳои аҳолинишин, зиёдшавии шуғли аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони маҳсулоти ҳунармандӣ пайдо мешаванд.
Мақсади лоиҳаи қонун муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии ташкили фаъолияти ҳунармандӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон , эҳё, ҳифз ва рушди мероси фарҳангии нодир, қадимӣ, пайвандҳо ва анъанаҳои таърихии санъати ҳунармандии устоҳои ҷумҳуриро ҳамчун қисми фарҳанги тамаддун ва маҳаки муҳими мероси миллӣ, қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба молҳо, корҳо, хизматрасониҳои таъйиноти истеъмолӣ дошта, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди ҳунармандӣ, ҳамчун низоми мустақили истеҳсолот, рушди шабакаҳои истеҳсолотӣ дар сатҳи маҳалҳо, зиёдшавии шуғли аҳолӣ, омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, инчунин маҳсулоти онҳо мебошад.
Ширкаткунандагони ҷамъомад ба хулосае омаданд, ки дар шароити кунунӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур зарурӣ ва саривақтӣ мебошад. Бояд қонуни нав қонуни пештараро такмил диҳад.
Дар охир иштирокдорон доир ба масъалаҳои баррасишуда табодули назар намуда, ҷиҳати такмили онҳо пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






