Тағйиру иловаҳо боз ба як қонуни конститутсионӣ

Март 17, 2014 11:45

Душанбе, 17.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намояд.  Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои Палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки 17 март таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, барасӣ шуд. Мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таъмини шаффофият, ошкорбаёнӣ, мустақилият, риояи ҷараёнҳои демократӣ ва намояндагии баробарии ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди демократикунонии чомеа ва иштирок дар ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ, участкавии интихобот ва пешгириву бартараф намудани гуногунфаҳмиву камбудиҳое, ки дар маъракаи тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи парлумонии кишвар, ки дар даъватҳои қаблӣ ба мушоҳида расида буданд, мебошад. Инчунин он барои минбаъд баланд бардоштани самаранокии фаъолияти касбии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Дар Шӯро, ҳамчунин, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёи Рушд оид ба Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори 240 МВт», Созишномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Беҳтар намудани низомиҳои обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Март 17, 2014 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст