Тағйиру иловаҳо боз ба як қонуни конститутсионӣ
Душанбе, 17.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намояд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои Палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки 17 март таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, барасӣ шуд. Мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таъмини шаффофият, ошкорбаёнӣ, мустақилият, риояи ҷараёнҳои демократӣ ва намояндагии баробарии ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди демократикунонии чомеа ва иштирок дар ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ, участкавии интихобот ва пешгириву бартараф намудани гуногунфаҳмиву камбудиҳое, ки дар маъракаи тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи парлумонии кишвар, ки дар даъватҳои қаблӣ ба мушоҳида расида буданд, мебошад. Инчунин он барои минбаъд баланд бардоштани самаранокии фаъолияти касбии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Дар Шӯро, ҳамчунин, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёи Рушд оид ба Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори 240 МВт», Созишномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Беҳтар намудани низомиҳои обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






