Тақдими китобҳои бачагона аз ҷониби «Умед-88»
Душанбе,4.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Роҳбарияти ширкати «Умед-88» дар арафаи идҳои баҳорӣ ба тарбиятгирандагон ва устодони мактаб-интернати рақами 1-уми шаҳри Душанбе ҳудуди ҳазор нусха китоби бадеиро бо арзиши ҳашт ҳазор сомонӣ тақдим намуд.
«Президенти кишвар борҳо дар суханрониҳояш таъкид кардааст, ки ба кӯдакони ятиму бепарастор дар баробари расонидани кӯмакҳои дигар китоб ҳам тақдим кунед. Барои ҳамин мо хостем имсол дар арафаи ҷашнҳои баҳорӣ ба наврасони бепарастор беҳтарин дӯст, яъне китобҳои зебои бачагонаро туҳфа намоем»,- гуфт дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» як масъули ин ширкат.
Ҳамчунин масъули ширкати «Умед- 88» афзуд, онҳо дар оянда низ ин гуна иқомҳои хайрхоҳонаро идома медиҳанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






