Тақдими китобҳои бачагона аз ҷониби «Умед-88»

Март 4, 2014 15:56

 Душанбе,4.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Роҳбарияти ширкати «Умед-88» дар арафаи идҳои баҳорӣ ба  тарбиятгирандагон ва устодони  мактаб-интернати рақами 1-уми шаҳри Душанбе  ҳудуди ҳазор нусха китоби бадеиро бо арзиши ҳашт ҳазор сомонӣ тақдим намуд.
 «Президенти кишвар  борҳо дар суханрониҳояш таъкид кардааст, ки ба кӯдакони ятиму бепарастор дар баробари расонидани кӯмакҳои дигар китоб ҳам тақдим кунед.  Барои ҳамин мо хостем  имсол дар арафаи ҷашнҳои баҳорӣ ба наврасони бепарастор беҳтарин дӯст, яъне китобҳои зебои бачагонаро туҳфа намоем»,- гуфт дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» як масъули ин ширкат. 
 Ҳамчунин масъули ширкати «Умед- 88» афзуд, онҳо дар оянда низ ин гуна иқомҳои хайрхоҳонаро идома медиҳанд. 

Март 4, 2014 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш