Тақвияти мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм

Март 27, 2014 11:45

Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 26 марти соли 2014 вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро фармондеҳи пулиси сарҳадии Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон генерал-лейтенант Муҳаммад Шафиқи Фазлиро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ ҳамчунин фармондеҳи минтақаи Панҷ генерал-майор Муҳаммад Замон иштирок дошт. Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар мулоқот меҳмононро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик намуда, зикр кард, ки мо халқи бо ҳам дӯст ва ҳамзабон ҳастем ва фарҳанги муштарак дорем.Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили ҳамкориҳои тарафайн дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши силоҳ ибрози назар карданд.Дар фарҷоми мулоқот зикр гардид, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Афғонистон дар ҳамаи самтҳо тақвият хоҳанд ёфт.

Март 27, 2014 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш