Таҳлили бозори меҳнат дар кишварҳои хориҷӣ

Март 3, 2014 14:50

Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 4 марти соли равон бо мақсади тақвият бахшидани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ  бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  ва Бонки ҷаҳонӣ дар чорчўбаи лоиҳаи «Таҳкими идораи раванди муҳоҷират дар асоси таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ» семинари омўзишӣ баргузор мегардад.
Тавре ки аз шуъбаи робита бо ҷомеаи хадамот иттилоъ доданд, дар семинар масъалаҳои асосӣ дар идораи равандҳои муҳоҷиратӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо,  роҳнамоӣ дар асоси идоракунӣ, сиёсати кадрӣ, банақшагирӣ ва низоми идораи маълумотдиҳӣ, рушди иқтидори  инсонӣ, таъмин намудан бо маводи техникӣ, омўзиши барномаҳо ва модулҳо, беҳтар намудани Қонун «Дар бораи муҳоҷират» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байнидавлатӣ-хусусӣ, таҳлили бозори меҳнат дар  кишварҳои хориҷ, интиқоли маблағ ва дигар масъалаҳои вобаста ба муҳоҷират  мавриди омўзиш қарор хоҳанд гирифт. 
Дар семинар иштироки кормандони Хадамоти муҳоҷират, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва кормандони ташкилоту идораҳои дахлдор дар назар аст. 
  Семинар дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» баргузор мешавад. 
 
 
 

Март 3, 2014 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш