Таҳсили 40 духтари афғон дар ДОМ

Март 5, 2014 09:08

Хоруғ, 5.02.2014. (АМИТ Ховар, Файз Мирасан).- Маркази таълими давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар шахри Хоруғ на фақат дар   касбомӯзӣ ва корёбии ҷавонони  вилоят, балки  ҷавонони  бурунмарзӣ низ  саҳми  босазо  мегузорад.   Маркази  мазкур барои  соҳибкасб шудан ва  бархурдор гардидани  ҷавонони  кишвари мо аз забонҳои мухталифи  дунё   саҳми арзанда  гузошта, хатмкунандагони донишгоҳ дар  риштаҳои мухталифи  иқтисоди  кишвар фаъолият доранд. Донишгоҳ дар ин самт фаъолияташро густариш дода, чанд сол боз дар доираи «Барномаи   маълумоти касбӣ-техникии бурунмарзӣ»  теъдоде аз ҷавонони  Ҷумҳурии исломии Афғонистонро ба таҳсил фаро гирифтааст.  
 
Дар марҳилаи саввуми барнома  17 духтари афғон ба остонаи донишгоҳ қадам гузошт.  Ба гуфтаи  муҳассилин  онҳо  дар ин ҷо  компютер, забони англисӣ ва муҳосибот меомӯзанд.        Донишҷӯдухтарони  афғон изҳор доштанд, ки иддае аз   хатмкунандагони  донишгоҳ  ба шумули бонувони афғон  дар айни ҳол  дар муассисоти кишварашон муваффақона   фаъолият доранд ва барои соҳиби касб гардиданашон аз кишвари Тоҷикистон сипосгузоранд. 
Ба гуфтаи  Далер Қуботбеков-ҳамоҳангсози   барномаи Маълумоти касбӣ-техниикии бурунмарзии назди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ алъон зиёда аз 40 нафар бону аз кишвари Афғонистон дар чаҳорчӯби ин барнома таҳсили худро ба итмом расонда, ба ватан баргаштанд.
 
 
 
 
 

Март 5, 2014 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад