Таҳсили 40 духтари афғон дар ДОМ
Хоруғ, 5.02.2014. (АМИТ Ховар, Файз Мирасан).- Маркази таълими давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар шахри Хоруғ на фақат дар касбомӯзӣ ва корёбии ҷавонони вилоят, балки ҷавонони бурунмарзӣ низ саҳми босазо мегузорад. Маркази мазкур барои соҳибкасб шудан ва бархурдор гардидани ҷавонони кишвари мо аз забонҳои мухталифи дунё саҳми арзанда гузошта, хатмкунандагони донишгоҳ дар риштаҳои мухталифи иқтисоди кишвар фаъолият доранд. Донишгоҳ дар ин самт фаъолияташро густариш дода, чанд сол боз дар доираи «Барномаи маълумоти касбӣ-техникии бурунмарзӣ» теъдоде аз ҷавонони Ҷумҳурии исломии Афғонистонро ба таҳсил фаро гирифтааст.
Дар марҳилаи саввуми барнома 17 духтари афғон ба остонаи донишгоҳ қадам гузошт. Ба гуфтаи муҳассилин онҳо дар ин ҷо компютер, забони англисӣ ва муҳосибот меомӯзанд. Донишҷӯдухтарони афғон изҳор доштанд, ки иддае аз хатмкунандагони донишгоҳ ба шумули бонувони афғон дар айни ҳол дар муассисоти кишварашон муваффақона фаъолият доранд ва барои соҳиби касб гардиданашон аз кишвари Тоҷикистон сипосгузоранд.
Ба гуфтаи Далер Қуботбеков-ҳамоҳангсози барномаи Маълумоти касбӣ-техниикии бурунмарзии назди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ алъон зиёда аз 40 нафар бону аз кишвари Афғонистон дар чаҳорчӯби ин барнома таҳсили худро ба итмом расонда, ба ватан баргаштанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






