Таҷаллии Наврӯз дар Хуррамшаҳр

Март 18, 2014 16:39

 
Душанбе, 18.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода). Тавре ки  сардори Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, имрӯз дар мавзеи Хуррамшаҳри Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Наврӯзи донишгоҳ ҷашн гирифта шуд. Саҳнаи берунии бинои таълимии донишгоҳ ба таври идона ва бо шиорҳои наврӯзӣ пироста шуда буд.  Факултаҳои донишгоҳ дар ҷойҳои муайяншуда дастурхони идонаи худро густурда, ҳар гуна рамзҳои наврӯзиро  ба намоиш гузоштанд. Устодон ва донишҷӯёни факултаҳо дар атрофи дастурхони идонаи худ сарчамъ шуда, занон ва духтарон бо либосҳои миллӣ маликаи наврӯзиро ороста, ҷихати ширкат дар озмуни наврӯз омодагӣ гирифтанд.
Муовини  раиси вилояти Суғд  Раъно Бобоҷонова  ва муовини ректори донишгоҳ Абдулфаттоҳ Раҳимов устодону донишҷӯёнро бо Наврӯзи дилафрӯз табрик гуфтанд. Беҳтарин омодагарони хони наврӯзӣ  бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

 

Март 18, 2014 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш