Таҷдиди назорати истифодаи захираҳои обӣ
Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Саидмудин Маҳмадаминов, сардори шуъбаи назорати истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки кумита дар асоси талаботи ќонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва инчунин таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиу иқтисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқи инсон нисбат ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ба муҳити зист ва таъмини амнияти экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд. Мақсади идораи кумита таҷдиди назорати давлатии ҳифз ва истифодаи заҳираҳои об мебошад ва кумита назорати фаъолияти сохторҳои ҳифзи муҳити зист дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро пурзӯр гардонида, низоми назорати давлатиро ба тартиб дароварда, самаранокӣ ва амнияти экологиро дар қаламрами Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






