Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар Кувайт

Март 27, 2014 17:08

 
Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ “Ховар”).-Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 21 марти соли равон бори аввал дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон, намояндагони корпуси дипломатии муқими Ал Кувайт, мақомоти гуногуни кишвари иқомат, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин васоити бонуфузи ахбори оммаи Кувайт Иди байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид.
Сафири  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов ҷашнро ифтитоҳ бахшида, дар бораи таърихи пайдоиши Наврӯз, анъанаҳои бойи таҷлили он дар Тоҷикистон маълумот дод. Сипас дастурхони идона ороста шуда, ба меҳмонон таомҳои миллии тоҷикӣ пешкаш гардиданд.
Маърака дар фазои ҳақиқии идона ва дӯстиву рафоқат сурат гирифта, барои муаррифии бештари Тоҷикистон ва шиносоӣ бо фарҳанг ва анъанаҳои бостонии мардуми тоҷик мусоидат кард.
 
 
 

Март 27, 2014 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад