Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар Кувайт
Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ “Ховар”).-Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 21 марти соли равон бори аввал дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон, намояндагони корпуси дипломатии муқими Ал Кувайт, мақомоти гуногуни кишвари иқомат, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин васоити бонуфузи ахбори оммаи Кувайт Иди байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов ҷашнро ифтитоҳ бахшида, дар бораи таърихи пайдоиши Наврӯз, анъанаҳои бойи таҷлили он дар Тоҷикистон маълумот дод. Сипас дастурхони идона ороста шуда, ба меҳмонон таомҳои миллии тоҷикӣ пешкаш гардиданд.
Маърака дар фазои ҳақиқии идона ва дӯстиву рафоқат сурат гирифта, барои муаррифии бештари Тоҷикистон ва шиносоӣ бо фарҳанг ва анъанаҳои бостонии мардуми тоҷик мусоидат кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






