Таҷлили Наврӯз дар «Хуррамшаҳр»

Март 13, 2014 16:49

Душанбе,13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Тавре ки  муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Муъминҷон Шамсиддинов иттилоъ дод, чун анъана имсол таҷлили Иди Наврӯзи аҷам дар маҷмааи «Хуррамшаҳр»-и донишгоҳ баргузор мегардад.
Муъминҷон Шамсиддинов афзуд, ки таҷлили  Наврӯзи аҷам дар донишгоҳ  18 марти соли равон дар назар дошта шудааст. Он рӯз мавзеи «Хуррамшаҳр» идона оро дода шуда, факултаҳои донишгоҳ дар ҷойҳои муайяншуда дастархони идонаи худро густурда,  ҳар гуна рамзҳои наврӯзиро ба намоиш мегузоранд. Устодон ва донишҷӯёни факултаҳо дар атрофи дастурхони идонаи худ сарҷамъ шуда, занон ва духтарон бо либосҳои миллӣ маликаи наврӯзиро оро медиҳанд. Дастовардҳои илмиву эҷодии донишҷӯён (ихтироот, расм,овезаҳо бахшида ба баҳор) ба маърази намоиш гузошта мешаванд. Инчунин  байни 17 факултаҳои донишгоҳ озмун аз рӯйи шартҳои таомҳои наврӯзӣ, оши палави миллӣ, маликаи Наврӯз, либоси миллӣ, гулҳо ҳамчун рамзи баҳор гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз ғолибони озмуни «Дарси беҳтарин» ва  спартакиадаи устодону донишҷӯён низ қадршиносӣ мегарданд.
Манбаъ  афзуд, ки 17 март  дар толори калони Раёсати донишгоҳ конфронси илмӣ бахшида ба Иди байналмилалими Наврӯз бо иштироки васеи олимону донишмандони вилоят гузаронида мешавад.
 
 
 
 

Март 13, 2014 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд