Таҷлили Наврӯз дар «Хуррамшаҳр»
Душанбе,13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Тавре ки муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Муъминҷон Шамсиддинов иттилоъ дод, чун анъана имсол таҷлили Иди Наврӯзи аҷам дар маҷмааи «Хуррамшаҳр»-и донишгоҳ баргузор мегардад.
Муъминҷон Шамсиддинов афзуд, ки таҷлили Наврӯзи аҷам дар донишгоҳ 18 марти соли равон дар назар дошта шудааст. Он рӯз мавзеи «Хуррамшаҳр» идона оро дода шуда, факултаҳои донишгоҳ дар ҷойҳои муайяншуда дастархони идонаи худро густурда, ҳар гуна рамзҳои наврӯзиро ба намоиш мегузоранд. Устодон ва донишҷӯёни факултаҳо дар атрофи дастурхони идонаи худ сарҷамъ шуда, занон ва духтарон бо либосҳои миллӣ маликаи наврӯзиро оро медиҳанд. Дастовардҳои илмиву эҷодии донишҷӯён (ихтироот, расм,овезаҳо бахшида ба баҳор) ба маърази намоиш гузошта мешаванд. Инчунин байни 17 факултаҳои донишгоҳ озмун аз рӯйи шартҳои таомҳои наврӯзӣ, оши палави миллӣ, маликаи Наврӯз, либоси миллӣ, гулҳо ҳамчун рамзи баҳор гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз ғолибони озмуни «Дарси беҳтарин» ва спартакиадаи устодону донишҷӯён низ қадршиносӣ мегарданд.
Манбаъ афзуд, ки 17 март дар толори калони Раёсати донишгоҳ конфронси илмӣ бахшида ба Иди байналмилалими Наврӯз бо иштироки васеи олимону донишмандони вилоят гузаронида мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






