Таҷлили Наврӯз дар Кӯдакистони президентӣ

Март 19, 2014 15:52

Душанбе, 19.03.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Танатанаҳои наврӯзӣ дар кишвар идома доранд. Аз ҷумла, дар Кӯдакистони президентӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд низ иди Наврӯзро бошукӯҳ таҷлил намуданд.
Дар чорабинии идона, ки бо ҳузури 500 нафар меҳмон бо шумули волидони тарбиятгирандагони муассиса гузаронида шуд, Раъно Султонова, корманди Раёсати маорифи вилоят низ иштирок намуда, ҳозиринро бо иди Наврӯз табрик намуд.
Ба иттилои Ҷаҳонгир Салимов, директори Кӯдакистони президентӣ  бахши фарҳангии чорабинии идона дар иҷрои тарбиятгирандагони муассиса пешкаши ҳозирон гардид.
Ёдовар мешавем, ки Кӯдакистони президентӣ  моҳи сентябри соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифта, имкони фарогирии 1000 нафарро доро мебошад.
 

Март 19, 2014 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш