Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҷаҳон

Март 31, 2014 09:23

Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Наврӯз, ки мутобиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чанд соли охир инҷониб мақоми байналмилалӣ гирифтааст ва ифодагари оғози баҳор, рӯзи нав ва эҳёи табиат мебошад, аз ҷониби ҳамватанони мо дар хориҷа низ пешвоз гирифта мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар як силсила кишварҳои ҷаҳон бо ибтикори намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа дар якҷоягӣ бо сафоратҳои кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯз Рӯзи байналмилалии Наврӯз бо иштироки ҳамватанон, донишҷуёни тоҷикистонӣ ва меҳмонон, аз қабили роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, шахсони расмии кишвари иқомат, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори омма таҷлил шуд. Аз ҷумла, Наврӯзро дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Маскав, Боку, Ашқобод, Минск, Пекин, Берлин, Париж, Ал-Кувайт, Брюссел, Женева ва дар бисёр шаҳрҳои дигар бо  шукӯҳи хосса ҷашн гирифтанд.
Зимни ҷашни Наврӯз намоишгоҳи миллӣ ва суннатии ҳар як давлати ҷашнгирандаи Наврӯз ташкил шуд. Аз ҷумла, намоишгоҳи Тоҷикистонро мизҳои «ҳафтсин» ва «ҳафтшин», лавҳаҳои рассомон бо тасвири табиати зебои кишвар, сӯзаниҳо, ҷомаву хилъатҳои суннатии мардонаву занона, китобҳо оид ба Тоҷикистон ва таомҳои миллӣ оро медоданд.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар таҳкими пайвандҳои дӯстию бародарӣ, шиносоии доираи васеи мардум ба таъриху фарҳанги асил ва бостонии тоҷикон ва дигар халқҳои ҳамфарҳанг саҳми арзанда мегузорад.
 

Март 31, 2014 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад