Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҷаҳон
Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Наврӯз, ки мутобиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чанд соли охир инҷониб мақоми байналмилалӣ гирифтааст ва ифодагари оғози баҳор, рӯзи нав ва эҳёи табиат мебошад, аз ҷониби ҳамватанони мо дар хориҷа низ пешвоз гирифта мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар як силсила кишварҳои ҷаҳон бо ибтикори намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа дар якҷоягӣ бо сафоратҳои кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯз Рӯзи байналмилалии Наврӯз бо иштироки ҳамватанон, донишҷуёни тоҷикистонӣ ва меҳмонон, аз қабили роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, шахсони расмии кишвари иқомат, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори омма таҷлил шуд. Аз ҷумла, Наврӯзро дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Маскав, Боку, Ашқобод, Минск, Пекин, Берлин, Париж, Ал-Кувайт, Брюссел, Женева ва дар бисёр шаҳрҳои дигар бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтанд.
Зимни ҷашни Наврӯз намоишгоҳи миллӣ ва суннатии ҳар як давлати ҷашнгирандаи Наврӯз ташкил шуд. Аз ҷумла, намоишгоҳи Тоҷикистонро мизҳои «ҳафтсин» ва «ҳафтшин», лавҳаҳои рассомон бо тасвири табиати зебои кишвар, сӯзаниҳо, ҷомаву хилъатҳои суннатии мардонаву занона, китобҳо оид ба Тоҷикистон ва таомҳои миллӣ оро медоданд.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар таҳкими пайвандҳои дӯстию бародарӣ, шиносоии доираи васеи мардум ба таъриху фарҳанги асил ва бостонии тоҷикон ва дигар халқҳои ҳамфарҳанг саҳми арзанда мегузорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






