Тачлили 100- солагии М. Маҳмадалиев дар Наврӯз

Март 18, 2014 16:40

  Восеъ, 18.03.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Бахшида ба  иди Наврӯз  ва 100- солагии  фарзанди баруманди  диёри Хатлон, Қаҳрамони  муҳнат Миралӣ Маҳмадалиев  дар собиқ  ҷамоати Арал, ки ҳоло номи ин шахсияти маъруфро дорад, баргузории чорабиниҳои ободонию созандагӣ  ба нақша гирифта шудааст. Ба гуфти раиси ҷамоати ба номи М. Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ Маҳмадамин Орипов мувофиқи озмун  кӯчаи беҳтарин,  хонаи беҳтарин,  маркази саломатии беҳтарин, хочагии деҳқонии беҳтарин  аз тарафи комисияи  тадорукотӣ баҳогузорӣ гардида, ғолибон бо маблағҳои  аз 1000 то 2000 сомонӣ  мукофотонида мешаванд. 
Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ  бо дастгирӣ ва маблағгузории  ҳукумати ҷумҳурӣ  ва ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  корҳои ободонӣ, бахусус  таъмиру тармими  биноҳои маъмурӣ  ва таълимию фарҳангиеро, ки ҳанӯз  дар овони  сарвари хоҷагӣ будани Миралӣ Маҳмадалиев  сохта шуда буданд,  роҳандозӣ намудааст.  
 
 

Март 18, 2014 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад