Тачлили 100- солагии М. Маҳмадалиев дар Наврӯз
Восеъ, 18.03.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Бахшида ба иди Наврӯз ва 100- солагии фарзанди баруманди диёри Хатлон, Қаҳрамони муҳнат Миралӣ Маҳмадалиев дар собиқ ҷамоати Арал, ки ҳоло номи ин шахсияти маъруфро дорад, баргузории чорабиниҳои ободонию созандагӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба гуфти раиси ҷамоати ба номи М. Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ Маҳмадамин Орипов мувофиқи озмун кӯчаи беҳтарин, хонаи беҳтарин, маркази саломатии беҳтарин, хочагии деҳқонии беҳтарин аз тарафи комисияи тадорукотӣ баҳогузорӣ гардида, ғолибон бо маблағҳои аз 1000 то 2000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.
Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бо дастгирӣ ва маблағгузории ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои ободонӣ, бахусус таъмиру тармими биноҳои маъмурӣ ва таълимию фарҳангиеро, ки ҳанӯз дар овони сарвари хоҷагӣ будани Миралӣ Маҳмадалиев сохта шуда буданд, роҳандозӣ намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






