Такя ба қалам, на ба шамшер!
Душанбе, 11.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаи густариши равобит бо васоити ахбори омма аст». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо доираи васеи намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ , ки 11 март дар Рӯзи матбуоти тоҷик доир гардид, иброз дошт. Мавсуф рӯзноманигорони парлумониро бо иди касбӣ табрик намуда, ба онҳо комёбиҳо таманно намуд. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки Парлумони касбии мамлакат ҳамеша сухани созандаву пешниҳодҳои судманди шуморо ҷонибдорӣ менамояд. Дар сурати ироаи чунин таклифҳои созандаву пешниҳодҳои судманд аз сӯи васоити ахбори оммаи давлативу мустақил, мо аз онҳо пуштибонӣ хоҳем кард. Ҳамзамон раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат афзуд, ки Парлумони Тоҷикистон ба фаъолияти касбии намояндагони ВАО диққати ҷиддӣ медиҳад. Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба озодии сухан ва матбуот дар кишварамон дахл намуда, афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози озодии баён дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми шоиста дорад. Ш. Зуҳуров намояндагони васоити ахбори оммаро ба дӯст доштани миллату ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, побанди манфиати шахсону гуруҳе набудан ҳидоят намуд. Ш. Зуҳуров ба нақши матбуоти даврии тоҷик дар пур кардани фазои иттилоотӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа баҳои баланд дода, гуфт, ки мардуми тоҷик ба каломи чопӣ эътиқодманд буда, дар ҳар давру замон барои пешрафту шукуфоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллии худ на ба шамшер, балки ба қалам такя мекунад. Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои намояндагони ВАО посух дода, онҳоро ворисони нобиғагон ва таъсисдиҳандагони нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» номид.








Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид






