Такя ба қалам, на ба шамшер!

Март 11, 2014 15:28

Душанбе, 11.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаи густариши равобит бо васоити ахбори омма аст». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо доираи васеи намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ , ки 11 март дар Рӯзи матбуоти тоҷик доир гардид, иброз дошт. Мавсуф рӯзноманигорони парлумониро бо иди касбӣ табрик намуда, ба онҳо комёбиҳо таманно намуд. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки Парлумони касбии мамлакат ҳамеша сухани созандаву пешниҳодҳои судманди шуморо ҷонибдорӣ менамояд. Дар сурати ироаи чунин таклифҳои созандаву пешниҳодҳои судманд аз сӯи васоити ахбори оммаи давлативу мустақил, мо аз онҳо пуштибонӣ хоҳем кард. Ҳамзамон раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат афзуд, ки Парлумони Тоҷикистон ба фаъолияти касбии намояндагони ВАО диққати ҷиддӣ медиҳад. Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба озодии сухан ва матбуот дар кишварамон дахл намуда, афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози озодии баён дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми шоиста дорад. Ш. Зуҳуров намояндагони васоити ахбори оммаро ба дӯст доштани миллату ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, побанди манфиати шахсону гуруҳе набудан ҳидоят намуд. Ш. Зуҳуров ба нақши матбуоти даврии тоҷик дар пур кардани фазои иттилоотӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа баҳои баланд дода, гуфт, ки мардуми тоҷик ба каломи чопӣ эътиқодманд буда, дар ҳар давру замон барои пешрафту шукуфоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллии худ на ба шамшер, балки ба қалам такя мекунад.   Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои намояндагони ВАО посух дода, онҳоро ворисони нобиғагон ва таъсисдиҳандагони нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» номид. 

Март 11, 2014 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд