Талаби сертификат зимни хариди маводи ороишӣ
Душанбе, 3.03.2014.(АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам).- Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ фаъолияти худро ба таври густурда ба роҳ монда, ҷиҳати танзими соҳаи фармасевтӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Чанде пеш нозирони шуъбаи назорати давлатии маводи ороишӣ-гигиенӣ зимни санҷиши навбатии худ дар бозори «Корвон» як миқдор маводи ороишӣ-гигиениеро дарёфт намуданд, ки ба таври қоҷоқ ба ҷумҳурӣ ворид шуда, бидуни сертификати сифат мебошанд ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгўй нестанд. Бояд зикр кард, ки дар бештари қуттиҳои маводи дарёфтшуда акси ҳунармандони эстрадаи тоҷик, аз қабили Садриддин, Шабнам, Нигина, Фарзона ва дигарон ҷой дода шудаанд. Чун мо дар арафаи ҷашнҳои Рўзи Модар ва Наврўз қарор дорем, мусаллам аст, ки аз ин гуна туҳфаҳо (маводи ороишӣ-гигиенӣ) зиёд истифода мебарем.
Аз ин рў, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми харидории маводи ороишӣ-гигиенӣ ҳатман сертификати онро талаб намоянд ва дар ҳолати дучор омадан ба маводи шубҳанок ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ хабар диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






