Таълими ҳамгиро: дастовардҳои назариявӣ ва амалӣ
Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Чанде пеш гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон — академикон М. Лутфуллоев, Ф.Шарифзода, доктори илмҳои педагогӣ, профессор С. Сулаймонӣ ва номзади илмҳои педагогӣ С. Камолзода ҷиҳати баргузор намудани конфронси илмӣ-амалии «Таълими ҳамгиро: дастовардҳои назариявӣ ва амалӣ» дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд қарор доштанд. Тавре ки аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, конфронс дар Литсейи №5 шаҳри Исфара бо иштироки муовинони директорҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба синфҳои ибтидоӣ, устодони Коллеҷи омӯзгории ш. Конибодом, устодони филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш.Исфара ва донишмандону соҳибназарони соҳаи таълиму тарбият баргузор гардид. Дар конфронс оид ба мавзӯъҳои “Паҳлуҳои фаъолияти муаллим ва талабаҳо дар ҷараёни дарс”, “Дарсҳои ҳамгиро омили муҳими рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури мантиқӣ ва манфиатҳои иқтисодӣ”, “Маҳоратҳои ҷустуҷӯӣ дар раванди ҳамгиросозии таълим ва ё эҷоди руҳияи пажӯҳишгарӣ дар донишомӯзон” аз ҷониби кормандони Академияи таҳсилот гузориш дода шуд. Дар ҷараёни конфронс иштирокдорон бештар рӯи таҷриба ва биниши худ ибрози назар доштанд ва роҳи ҳалли ин масъалаҳоро матраҳ намуданд. Ишора гардид, ки муаллимони синфҳои ибтидоӣ дар ин робита таҷрибаи зиёдеро доро мебошанд, аммо ба мушкилоти дигаре рӯ ба рӯ ҳастанд. Ин дар масъалаи камбуди китобу маводи таълимӣ, дастрасӣ ба технологияҳои навину пешрафта, фаъолияти на он қадар чашмгири таъмини дастурҳои методӣ ва технологию фановарӣ барои муаллимон, камбуди китобҳои илмию маърифатӣ барои кӯдакону навҷавонон, робитаи мустақим надоштани дигар муассисаҳои илмӣ, нашриёту муассисаҳои чопӣ бо мактаб ва муассисаҳои таълимӣ ва дигар мушкилоту масоили мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки робитаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо раёсати маорифи шаҳри Исфара бояд густариш ёбад. Пешниҳод гардид, ки чунин нишастҳои илмӣ ва конфронсу семинарҳо аз ҷониби Академияи таҳсилот мунтазам баргузор гардад.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






