Тамрини бозингари қирғиз бо «Хуҷанд»

Март 4, 2014 11:24

Душанбе, 04.03.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Турсуналӣ Рустамов, ҳамлагари дастаи миллии футболи Қирғизистон интизор аст фаъолияти худро дар дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд идома диҳад. 
Тавре ки дар ин бора сомонаи  Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, Турсуналии 24-сола дар чанд дидори дастаи миллии Қирғизистон ширкат намудааст ва ҳамчунин дар бошгоҳи “Дордой”-и Бишкек фаъолият дошт.
Ҳоло муҳлати шартномаи Турсуналӣ бо бошгоҳи “Дордой”-и Бишкек ба охир расид ва ӯ  феълан ҳамроҳ бо дастаи “Хуҷанд” тамрин мекунад ва имкон дорад, ки бо ин даста шартнома бандад. 
Гуфта мешавад, ки Рустамов дар ҳайати дастаи “Хуҷанд” аллакай дар як бозӣ дар чорчӯбаи даври муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ширкат кардааст. 
 
 

Март 4, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст