Тамрини бозингари қирғиз бо «Хуҷанд»
Душанбе, 04.03.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Турсуналӣ Рустамов, ҳамлагари дастаи миллии футболи Қирғизистон интизор аст фаъолияти худро дар дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд идома диҳад.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, Турсуналии 24-сола дар чанд дидори дастаи миллии Қирғизистон ширкат намудааст ва ҳамчунин дар бошгоҳи “Дордой”-и Бишкек фаъолият дошт.
Ҳоло муҳлати шартномаи Турсуналӣ бо бошгоҳи “Дордой”-и Бишкек ба охир расид ва ӯ феълан ҳамроҳ бо дастаи “Хуҷанд” тамрин мекунад ва имкон дорад, ки бо ин даста шартнома бандад.
Гуфта мешавад, ки Рустамов дар ҳайати дастаи “Хуҷанд” аллакай дар як бозӣ дар чорчӯбаи даври муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ширкат кардааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






