Тарғиби муҳоҷирати бехатар дар Зафаробод
Хуҷанд, 31.03.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).- «Тарғиби муҳоҷирати бехатар» — чунин унвон дошт чорабиние, ки чанде қабл дар ноҳияи Зафаробод оғоз ёфт.
Тавре ки аз раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, кормандони раёсати мазкур бо мақсади таъмини иҷрои фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чанде қабл дар ноҳияи Зафаробод корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботиро вобаста ба муҳоҷирати бехатар дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монданд.
Алъон, мулоқоти гурӯҳи ташвиқотию тарғиботӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҷамоатҳои Ҷомӣ ва Меҳнатобод бо иштироки зиёда аз 100 нафар фаъол, муҳоҷири меҳнатӣ ва хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Алалхусус ба ҳозирин тағироту навигариҳо дар қонунгузории федералии Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират ва қоидаҳои муҳоҷирати бехатар фаҳмонида шуданд.
Дар назар аст, давраи дуюми чорабиниҳои ташвиқотӣ дар ҷамоатҳои Ҳамроалиев ва Равшан 1 апрел доир гардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






