Тарҳрезии стратегияи ХМК

Март 5, 2014 14:07

Душанбе, 05.03.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина Эрлих).-  4  март  дар  шаҳри Душанбе  мулоқоти  муовини  аввали Вазири  рушди  иқтисод ва  савдои  ҶТ  Неъматҷон  Бӯриев бо ҳайати  Бонки  умумиҷаҳонӣ  бо  роҳбарии  намояндаи  доимии бонки  мазкур  дар  ҶТ  Марши  Олив  баргузор  гардид. 
 
Тавре  ки аз  Вазорати  рушди  иқтисод  ва  савдои  ҶТ ба  АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо  масоили  шаҳришавӣ ва  таъсири он ба  рушди иҷтимоию иқтисодии  кишвар, ҳамчунин вазъи ҳозираи  хоҷагии  манзилию коммуналӣ  ва хидматрасонии  коммуналӣ, роҳҳои минбаъдаи  тақвияти ин бахш  ва тарҳрезии Стратегияи  бахши хидматрасонии мунисипалӣ  ва манзилию коммуналиро баррасӣ  намуданд.
 
Дар  ҷараёни  муҳокимаи  ин  масъала  зикр  шуд, ки дар ҳошияи  лоиҳаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ Бунёди рушди хидматрасонии  мунисипалию коммуналӣ ба манзури  густариши  минбаъдаи  ин  соҳа  таъсис  дода шавад. 
 

Март 5, 2014 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад