Тарҳрезии стратегияи ХМК
Душанбе, 05.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 4 март дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматҷон Бӯриев бо ҳайати Бонки умумиҷаҳонӣ бо роҳбарии намояндаи доимии бонки мазкур дар ҶТ Марши Олив баргузор гардид.
Тавре ки аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо масоили шаҳришавӣ ва таъсири он ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ҳамчунин вазъи ҳозираи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва хидматрасонии коммуналӣ, роҳҳои минбаъдаи тақвияти ин бахш ва тарҳрезии Стратегияи бахши хидматрасонии мунисипалӣ ва манзилию коммуналиро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни муҳокимаи ин масъала зикр шуд, ки дар ҳошияи лоиҳаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ Бунёди рушди хидматрасонии мунисипалию коммуналӣ ба манзури густариши минбаъдаи ин соҳа таъсис дода шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






