Ташхиси хуби бемории сил дар ҷумҳурӣ

Март 13, 2014 09:11

Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Дар шаҳри Душанбе бо ташаббус ва дастгирии лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» ҷаласаи корӣ бо иштироки мутахассисони соҳаи силшиносӣ доир гардид, ки дар он масоили гирифторӣ ба бемории сил, бахусус шакли ба доруҳо мутобиқгаштаи он дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат мавриди баҳсу андеша қарор гирифт. Зикр шуд, ки барои дарёфти беморону муроҷиати шаҳрвандон нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле калон аст. Таҷрибаҳо собит месозанд, ки муроҷиат ба табибон ва ба табобат ҷалб гардидани шахсони сироятёфта аз мафкураи мардум сахт вобастагӣ дорад. Дарёфти гирифторон ба бемории сил ва сифати табобат аз ташхиси дурусту саривақтӣ оғоз меёбад. Дар ин росто кори таҳлилгоҳҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат аз самтҳои дигари баҳс дар ин ҷаласаи корӣ буда, таъкид гардид, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ, махсусан пойтахти кишвар, тамоми шароити ташхисӣ фароҳам оварда шудааст. Бояд зикр кард, ки ташхису табобати гирифторони бемории сил ва доруҳои зиддисилӣ барои табобат ройгон аст.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, дар ҷамъомад аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати кор дар ин самт пешниҳодҳои судманд ироа  шуданд.

Март 13, 2014 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд